Ҳалокати 5 корманд дар сохтмони “Роғун”
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳалокати 13 нафар дар ҷои кор хабар дод.
Тавре масъулини ин ниҳод имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, аз 13 нафаре, ки тайи соли 2014 дар ҷои кор ба ҳалокат расидаанд, 5 ҳолаташ дар майдони сохтмони Роғун рух додааст. Манбаъ инчунин афзуд, ки миёни 13 нафари ҳалокшуда 2 нафарашон шаҳрвандони Чин мебошанд.
Сиҷоуддин Саломзода, сардори Хадамоти мазкур таъкид намуд, ки тибқи қонунгузории кишвар дар сурати фавт ё маҷруҳ шудани корманд дар ҷои кор, корхона барои пардохти кӯмакпулӣ муваззаф мешавад: “Нафароне, ки дар ҷои кор ҷароҳат мебардоранд, дар ҳаҷми маоши 5 моҳа кӯмакпулӣ мегиранд ва дар сурати фавт хонаводаи ҷабрдида дар ҳаҷми 8 маош кӯмакпулии яквақта мегиранд. Дар баробари ин корхона 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 800 сомонӣ барои хароҷоти дафн пардохт мекунад.”
Масъулини Хадамот марҳум Тағоев Бердимуродро мисол оварданд, ки корхонаи муштараки чинию тоҷикии “Зарафшон” дар пайи фавти ӯ ба хонаводааш дар маҷмуъ 70 ҳазору 196 сомонӣ кӯмак кардааст. Ин ниҳод таъкид кард, ки таҳқиқи қазияҳои фавт ва пардохти кӯмакпулиҳо зери назорати Комиссияи махсус қарор дорад, ки аз ҳисоби кормандони Хадамот, масъулини шуғли аҳолӣ ва иттифоқҳои касаба ташкил карда мешавад.