ВИДЕО: Раҳмон маъракаи махсуси интиқодӣ алайҳи Убайдуллоевро рад кард
Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон роҳандозии маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанберо дар телевизионҳои давлатӣ рад кард.
Раиси Кумитаи радио ва телевизион имрӯз, 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”
Асадулло Раҳмон илова намуд, феълан мушкилот дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷой доранд, аммо ба далели камфаъолиятии хабарнигорони минтақавии телевизионҳои давлатӣ ин мушкилот саривақт нишон дода намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи нашри маводи танқидӣ аз шаҳри Душанбе бархе аз коршиносон ҳадс заданд, алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт маъракаи супоришии иттилоотӣ роҳандозӣ шудааст.