Ба баҳсҳои аломатгузории марзӣ бо санадҳои шӯравӣ нуқта гузоштаниянд
20 январи соли равон қарор аст, мулоқоти навбатии ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзи муштараки ду кишвар баргузор шавад.
Қурбонбой Искандаров, намояндаи расмии ҷониби Қирғизистон, ки дар делимитатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон иштирок уардааст, ба бахши русии "Озодагон" гуфт, дар ин мулоқот масоили қитъаҳои баҳсии марзи муштараки ду кишвар баррасӣ мешавад. “Ҳукумати ду кишвар барои дарёфти санадҳои бойгонии шӯравӣ дархост фиристода ва онро дар ихтиёр доранд, ки ба ҳалли ин номуайяниҳои марзӣ кумак мерасонад”,-афзуд номбурда.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтаззам даргириҳо сурат бигиранд.