Додситон директорони “қонуншикан”-ро хезонд: Шумо сазовор нестед! ВИДЕО
Сафо Гадозода, ёвари додситони Душанбе зимни ҷаласаи Раёсати маорифи пойтахт тамоми мудирони мактаб ва омӯзгоронеро, ки дар соли 2014 даст ба фасоду қонуншиканиҳо задаанд аз ҷой хезонда, таъкид намуд, ки чунин афрод сазовори номи омӯзгор нестанд.
Гадозода зимни ҷаласаи маорифчиён, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд, изҳор доштааст, ки Сарқонун кафолати таҳсили ройгонро ба шаҳрвандон додааст, аммо баъзе афроди носазои соҳаи маориф инро сарфи назар мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки тайи соли 2014 нисбати 32 омӯзгор, аз ҷумла 8 мудири мактаб барои фасодкорӣ ва дигар қонуншиканиҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, аммо тибқи афви эълонкардаи президент аз ҷавобгарӣ озод шуданд: “Аммо афв маънои онро надорад, ки шахс қонуншиканӣ накардааст. Чунин афрод ҳаққи ишғоли мансабҳои худ ва кор бо кӯдаконро надоранд.”
Ӯ аз саркашии баъзе афроди муттаҳам дар фасодкорӣ интиқод намуд, ки бо вуҷуди даъвати додситон ба бозпурсӣ ҳозир намешаванд, дар ҳоле, ки додситонӣ бе далел барои бозпурсӣ даъват намекунад: “Мо сабти видеоие дорем, ки дар он омӯзгор аз волидайн барои қабули фарзандонаш ба синфи як лифофа мегирад, бо вуҷуд мудири мактаб ин ҳолатро рад мекунад.”
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи сентябри соли 2014 дар шабакаи интернет НАВОРИ “порагирӣ”-и ноиби директори мактаби рақами 78-и пойтахт нашр гардид.
Аммо Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе ба “Озодагон” гуфт, муаллимаи муттаҳам дар порагирӣ иҷрокунандаи вазифаи муовини директор буда, феълан мавриди бозпурсии муфаттишони додситонии Душанбе қарор дорад. Шукурова афзуд, муовинаш даст доштан дар фасодро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, дар асл дар дохили конверт пул не, сурат ва маълумотнома буд.“
Шукурова нашри навори гӯиё порагирии муовинашро як иқдоми махсуси ғаразнок арзёбӣ кард, ки аз ҷониби афроди наздик ба яке аз роҳбарони қаблии мактаб роҳандозӣ шудааст, ки ба ҳамин минвол ду директори баъд аз худаш таъиншударо низ барканор намудааст.
Навори “порагирӣ”-и муовини директори феълии мактаби миёнаи 78 аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардида, дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”.