Баҳси масоили энергетикӣ дар суҳбати Зоҳидӣ бо сафири Эрон
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар доданд, дидори Зоҳидӣ бо Фағонӣ рӯзи 8 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ҷонибҳо дар ин дидор масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, зерсохтори нақлиётӣ, маориф ва фарҳангро баррасӣ кардаанд.