Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили ҷоизаи Президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик фармон додааст, ки аз ҳисоби фондаш барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи махсус ташкил карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷоизаи Президент барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президент таъсис дода мешавад.
Раисиҷумҳур ба ҳукумати кишвар ду моҳ муҳлат додааст, то Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президентро таҳия ва тасдиқ намояду масоили ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал кунад.
Ташкили ҷоизаи махсуси Президент дар ҳолест, ки сол ба сол теъдоди ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. То ҳол танҳо Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик барои ҷои сеюмаш дар олимпиада бо ҷоизаю мукофотпулиҳои назаррас, аз ҷумла хона дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб қадрдонӣ шудааст.