Раиси ЖКХ: Нархи обро имсол 20-30% қимат мекунем
Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” (ЖКХ) мегӯяд, дар соли равон нархи обро дар кишвар ҳудуди 20-30% боло хоҳанд бурд.
Раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки феълан сокинони навоҳӣ барои як метри мукааби об ҳамагӣ як сомониро пардохт мекунанд, ки худкифо нест. Ӯ гуфт, аз ҳисоби боло бурдани нархи об азм доранд, қарзҳои хориҷиро, ки ба ин соҳа равона шудаанд, баргардонанд: “Қаблан ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои маблағгузории соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 60 фоиз грант ва 40 фоиз қарз медоданд. Феълан бо назардошти беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ созмонҳои байналмилалӣ низ 45 фоиз грант 55 фоиз қарз медиҳанд.”
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раиси Хоҷагии манзилию коммуналӣ феълан дар Тоҷикистон 52,4 фоизи аҳолӣ ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд ва ҳамагӣ 48,6 фоиз бо оби тоза таъминанд.