Парванда алайҳи фармондеҳ ва эълони шахсияти 4 марзбони асири тоҷик
Додситони вилояти Хатлон нисбат ба сардори қисми низомии 2610-и неруҳои сарҳадбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ, ки 19 декабри соли сипаришуда чор сарбози он ба дасти силоҳбадастони афғон асир афтод, парванда боз кардааст. Ин нуктаро Анвар Назаров, ёвари додситони вилоят имрӯз, 8 январ дар нишасти хабарии созмонёфтае дар шаҳри Қӯрғонтеппа изҳор дошт. Ба қавли ӯ, Алимуҳаммад Додокалонов дар бемасъулиятӣ муттаҳам мешавад.
Оқои Назаров дар ин нишаст ному насаби чор сарбози асирафдодаро ҳам эълон кард. Ба гуфтаи ӯ, Фарҳод Калонов, (соли таваллудаш 1996), Сироҷ Давлатов, (соли таваллудаш 1991), Тӯйчибой Нурбоев, (соли таваллудаш 1996) ва Меҳроҷ Шодиев ( соли таваллудаш 1994) замоне ба асорати афроди мусаллаҳ афтодаанд, ки берун аз қисми низомӣ ҳезум ҷамъ меоварданд.
Қаблан расонаҳо бо такя ба иттилои ниҳодҳои амниятии Афғонистон хабар доданд, ки сарбозони тоҷик аз ҷониби Толибон рабуда шуда ва бар ивази раҳоии онҳо озод кардани се ҷангҷӯро тақозо кардаанд. Ин ҷангҷӯён тоҷик буда, чанд моҳ қабл аз сӯйи нерӯҳои амниятии афғон дастгир гардиданд.