106 миллион $ - фоидаи сайёҳон ба иқтисоди Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, сайёҳон тайи соли 2014-ум ба иқтисодиёти кишвар 106 миллион доллар маблағ ворид кардаанд.
Ба иттилои Кумита дар соли 2014 ба Тоҷикистон 213 ҳазору 265 сайёҳи хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин нишондод дар соли 2013 ба 207 ҳазору 911 нафар баробар будааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод бештари сайёҳони хориҷӣ ба минтақаи Бадахшон, Зарафшон, Ҳисор ва Варзоби Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунанд ва бештари сайёҳон ба кишвар аз Чин, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Туркия ворид шудаанд.
Кумитаи сайёҳӣ таъкид намуд, ки соли 2015 дар Тоҷикистон соли сайёҳии дохилӣ эълон шуда, барои бори аввал дар Душанбе гузарондани конфронси байналмилалии рушди сайёҳӣ дар назар аст.