Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи амири Ҳаракати исломии Узбакистон ба ШКД-и Шаҳринав
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Икром Халилов, амири Ҳаракати исломии Узбакистон ва собиқ имом-хатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Ин ниҳод бо пахши як гузориши телевизионӣ гуфт, Икром Халилов, ки амири ҲИУ дар Шаҳринав интихоб шуда буд, азм доштааст, бо 10 нафари тобеаш ба шӯъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ҳамла карда, бо дарёфти силоҳ ба бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон оғоз кунад.
Манбаъ мегӯяд, дар пай як амалиёт муайян намудаанд, Раҳим Бобоёров, сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови Шаҳринав дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо даъвати Умар, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, ба Ҳаракати исломии Узбакистон гаравида, 4 муҳоҷири дигари ҳамдеҳааш- Туймурод Эшболтаев, (соли таваллудаш 1969), Шукрулло Тошев, (соли таваллудаш 1982), Шокир Тошев, (соли таваллудаш 1985) ва Шариф Бобоёров (соли таваллудаш 1971)-ро ба ҲИУ ҷалб намудааст: “Баъд аз бозгашт ба Ватан давоми соли 2012 Раҳим Бобоёров боз 5 сокини дигари Шаҳринав, аз ҷумла Икром Халилови 41-сола, собиқ имом-хатиби масҷиди ҷомеи Худоёрхони ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияро ба узвият даровардааст.”
Тибқи иттилои мақомот, баъди омодагиҳо ва пайдо кардани тарафдорон Раҳим Бобоёров соли 2013 хоҷаи хориҷии худ - Умарро ба Тоҷикистон даъват карда, дар ҳузури ӯ барои узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон қасам ёд мекунанд: “Икром Халилов, ки донишҷӯи соли 4-ум дар шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон будааст, амири ҷамоати мазкур дар ноҳияи Шаҳринав таъин гардид. Ӯ уҳдадор шудааст, дар баробари тарғиби ҲИУ барои дастгирии молии иштирокчиёни ҷанги давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон маблағҳои пулӣ ҷамъ кунад.”
Икром Халилов дар пайи боздошт эътироф кардааст, ки онҳор барои ташкили давлати исломӣ тайёрӣ медиданд: “Умар даъват кард, ки бояд мусулмонҳо якдил шуда ба як кас итоат кунанду аз як гиребон сар бароранд. Гуфт шумо дар танҳоӣ кор карда наметавонед. Маро амир таъин карду гуфт, ба Сурия, Покистон, Афғонистон рафта ҷанг кардан даркор. Он ҷо ҷанг мекардагиҳо ҳам бародарони моянд, ёрдам кардан даркор, касе метавонад пулӣ ёрдам кунад, касе метавонад худаш равад”.
Ин гуруҳ дар ҳоле боздошт шудааст, ки таҷҳизоти варзишӣ харида, барои ҳамла ба шӯъбаи корҳои дохилии Шаҳринав омодагӣ медидаанд. Онҳо дар ҳоле боздошт шудаанд, ки интизори амр аз хориҷ барои ҳуҷум ба шӯъбаи корҳои дохилӣ будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо аз рӯи моддаи 187-и Кодексӣ ҷиноии Тоҷикистон - ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, парвандаи боз шуда, тафтишот идома дорад.