Вазир афзоиши бемории саратонро натиҷаи пешравии илму техника гуфт
Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзоиши бемории саратонро ба пешравии илму техника марбут донист.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 7 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард, солҳои қабл ба сабаби набудани дастгоҳҳои муосири ренгенӣ ва технология беморони саратон кашф намешуданд. Ба таъкиди ӯ ҳоло бо муҷаҳҳаз шудани Маркази саратоншиносӣ бо дастгоҳҳои муосири ренгинӣ табибон имкон доранд дар давоми се соат марҳилаҳои аввали бемории саратонро кашф кунанд: “Имрӯз мегуянд, ки бемории саратон зиёд шудааст, фикр мекунам дар ҳама давру замон ин бемориҳо зиёд буданд. Имрӯз бо пешрафти технологияи навин дараҷаҳои аввали бемории саратонро кашф мекунанд. Ба ин хотир теъдоди беморони саратон зиёд шуда истодааст”, -таъкид кард вазир.
Ба иттилои Нустартулло Файзулло ҳоло теъдоди умумии беморони гирифтори саратон дар ҷумҳурӣ ба 14 ҳазор мерасад, ки аз ин рақам 4 ҳазору 400 нафарашон дар соли 2014 ба қайд гирифта шудаанд.