Кумитаи амният: Ҳуҷуми ошкорои мусаллаҳона ба мо таҳдид намекунад
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷаммӯи афроди мусаллаҳи ғайриқонуниро дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъйид кардааст.
Дар ин бора “ТАСС” аз қавли манбааш дар Кумитаи амният хабар дода, афзудааст, ки ҷангҷӯён асосан аъзои гуруҳи Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон буда, ба Кобул итоат намекунанд. Манбаъ афзудааст, тибқи иттилое, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯи даст доранд, хатари ҳуҷуми ошкорои мустақим ба кишвар вуҷуд надорад: “Бо вуҷуд бояд ҳамеша омода бошем. Мо табодули иттилои фавриро бо мақомоти Русия ва ҳамкорӣ бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро хуб ба роҳ мондаем. Дар мавриди таҷаммӯи ҷангҷӯён ҳадаф ва ниятҳои онҳо табодули иттилоъ мекунем. Ҳифзи бархе аз қисматҳои осебпазири сарҳад бо Афғонистон аз ҳисоби захираи қушунҳои сарҳадӣ тақвият дода шуд.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз вуҷуди се пойгоҳи ҷангҷӯёни исломӣ дар сарҳади Афғонистон бо Осиёи Марказӣ иттилоъ дод: “Яке дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон ва дигаре дар марзи Туркманистон ҷойгир аст, ки аввалӣ бо 4-5 ҳазор ва дуюмӣ беш аз 2 ҳазор ҷангҷӯй доранд. Дар ин пойгоҳҳо тайи ду моҳ то 150 ҷангҷӯй омода мешаванд, ки бисёрашон аз худи Осиёи Марказиянд. Модоме, ки онҳо аз Осиёи Марказиянд, бармеояд, ки онҳоро барои амалиёт дар Ватан омода мекунанд.”
Кобулов изҳор доштааст, сокинони Осиёи Маркзаӣ ба чунин пойгоҳҳо на танҳо бо мақсадҳои молӣ, балки аз рӯи ғояҳои идеологӣ низ ҷалб мешаванд, ки раванди хеле хатарнок ва ҷиддӣ мебошад: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”