Гуфтанист, қисми зиёди намоишгоҳ расмҳои устоди нақшу нигор, рассоми халқии Тоҷикистон ва ИҶШС Сӯҳроб Қурбоновро ташкил медиҳад. Рашид Олимов тамоми ҳозирин ва меҳмонони сершуморро ба саёҳати ғоибона ба Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳову гулҳои сеҳрнок даъват намуд. Муовини аввали мудири кулли Бюрои муносибатҳои байналмилалии фарҳангии Вазорати фарҳанги Хитой Хю Ҷин Линг дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ баромад карда, тазаккур дод, ки «Хитой ва Тоҷикистон – кишварҳои дӯсти қарин ҳастанд, ки бо талошҳои муштарак комёбиҳои бузургро ба даст овардаанд, аз ҷумла, дар соҳаи ҳамкории фарҳангӣ. Тоҷикон, яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ, дар дарёи тӯлонии таърихи инсоният ба ҷаҳон намунаҳои беҳтарини фарҳангро тӯҳфа кардаанд».
Манбаъ афзуд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Хитой, котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои дӯст, ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.{jathumbnail off}