Талаби 11 соли зиндони низомаш сахт ба Шуҳрат Қудратов
Самандар Абдуллозода, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷикро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 7 январ зимни баромадаш дар Додгоҳи Душанбе гуфт, дар мурофиа гунаҳкор будани Қудратов исбот шуд: “Моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ 9 соли зиндон ва моддаи 320-и ин Кодекс то 6 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд.”
Ӯ дар маҷмуъ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кунад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам кунад. Айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб намуд, ки 7 ҳазор доллари ҷуброни зарари расонда ба Охунов аз ҷониби Қудратов пардохт карда шавад. Абдуллозода зимни ироаи дархосташ зикр намуд, ки дар қазияи Қудратов омили сабуккунанда фарзандони ноболиғи айбдоршаванда мебошанд.
Додрас дар мурофиа то фардо, 8 январ танаффус эълон кард. Дар мурофиаи 8 январ баромади Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Қудратов дар назар аст, ки ба гуфтаи вакили дифоъ аз 50 саҳифа иборат мебошад.
Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.
Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”
Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”