Раҳоии котиби Суди Олии Иқтисодӣ аз зиндон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асроров Азимҷон, котиби Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистонро, ки дар гирифтани 52 ҳазор доллар пора муттаҳам мешуд, афв кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, қарори афви Асроров рӯзи 26-уми декабр бо назардошти ҷуброни зарари расондашуда, содир гардида, афвшуда дар толори суд аз ҳабс озод гардид.
Қаблан Оҷонсии зидди фасод Асроровро дар он муттаҳам кард, ки барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон- Ҳоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова тобистони соли 2014 дар се ҳолат дар маҷмуъ 52 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ баҳси судӣ миёни “Гаҳвора” ва Додситонии генералии Тоҷикистон будааст, ки бо қарори Суди иқтисодии Душанбе ба манфиати давлат ҳал шуда буд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, гарчанде тағйири ин қарор ба салоҳияти Асроров дохил намешавад, ӯ тариқи қаллобӣ 52 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта аз худ кардааст. Оҷонсӣ мегӯяд, Суди Олии иқтисодӣ низ баҳсро ба манфиати театри “Гаҳвора” ҳал накард. Дар натиҷа алайҳи ӯ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ ва аз худ кардани амволи ғайр парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.