(VIDEO) Амоншоҳ Саодатсайров: Бовар дорем, ки ғолиб мешавем
Мунтахаби футболи ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон (U-21) аз омодагии ҷиддӣ ба мусобиқоти “Ҷоми Иттиҳод-2015”, ки аз 17 то 25 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, хабар медиҳад.
Амоншоҳ Саодатсайров, мураббии дарвозабонҳои дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, футболбозони тоҷик марҳалаи аввали омодагӣ ба ин сабқатро 17 декабр оғоз карданд: “Дар марҳилаи аввали омодагӣ талош кардем, ҷанбаҳои ҷисмонии бозигаронро мустаҳкам намоем, зеро баъди анҷоми мусобиқоти Тоҷикистон ба истироҳат рафта буданд ва як андоза қувваи ҷисмониашон заиф шудааст”.
Саодатсайров мегӯяд, ҳудуди 60 дарсади ҳайати даста аз бозигароне иборат хоҳад буд, ки соли сипаришуда дар “Ҷоми Иттиҳод” бозӣ карданд: “Омодагии мо хуб аст. Ҳоло то мусобиқа фурсат ҳаст ва мо кӯшиш мекунем, аз ҷиҳати тактикию техникӣ хубтар омодагӣ бинем. Мо диски бозиҳои дастаҳои Қазоқистон, Африқои Ҷанубӣ ва Литваро, ки ҳамгуруҳи моянд, тамошо кардем. Заъф ва бартарии ҳарифонро омӯхта, мувофиқи он омодагӣ мегирем”.
Мураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон гуфт, аз тарзу усул ва тавоноии дастаҳои Қазоқистону Литва қаблан огаҳ буданд, аммо дар мавриди дастаи Африқои Ҷанубӣ иттилои зиёде надоранд. Ӯ гуфт, “пеш аз бозии Африқои Ҷанубӣ бо Литва мо намояндаи худро мефиристем, то бозиро тамошо карда дар бораи бозии тими Африқои Ҷанубӣ иттилоъ биёрад, ки вобаста ба он омодагӣ бигирем”.
Номбурда мегӯяд, онҳо ба нерӯи футболбозони дастаи яккачини ҷавонони кишвар бовар доранд: “Боварӣ дорем, ки ғолиб меоем ва аз гуруҳ мебароем”.
Тими ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба “Ҷоми Иттиҳод-2015” ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар дидори дуюм U-21, мунтахаби то 19-солаҳои кишвар (U-19)-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Амоншоҳ Саодатсайров мегӯяд, “фарқияти бозии аввал аз дуввум хело калон аст. Якдигарфаҳмӣ миёни бозигарон хело хуб шудааст, ҷиҳати ҷисмонии бозингарон ҳам беҳтар гардидааст. Ҳоло даҳ рӯзи дигар то сафар ба Санкт-Петербург фурсат дорем ва дар ин вақт ҷиҳатҳои тактикии футболбозонро хубтару беҳтар хоҳем кард”.
Мураббии U-21 мегӯяд, то сафар як бозии санҷишии дигар ҳам анҷом хоҳанд дод. “Ин навбат бо тими “Истиқлол”-и Душанбе қувваозмоӣ карда, баъд аз он ҳайати асосии дастаро муаян мекунем”.