Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ҷилавгирӣ карданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук Нурулло Шарипов иттилоъ дод, зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯй кормандони шӯъбаи мубориза ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, дар ҳудуди минтақавии назорати гумрукии ҶДММ «Кимиёсервис»-и шаҳри Исфара аснои азназаргузаронӣ ва тафтиши омехтаҳои меваи хушк ба қатораи № 29 00 11 72 аз халтаҳои полиэтилении шафоф ва андозаҳояшон ҳархела нашъа дарёфт карданд.
Манбаъ афзуд, дар дохили ин халтаҳо, маводи рангашон сафеду зардчатоби бӯи махсусдошта монанд ба ҳероин ҷойгир карда шуда буд. Бори мазкур ба шаҳрванди Тоҷикистон Беҳрӯз Бобоеви 30 сола таалуқ дошта, номбурда мехост онро бо тариқи қатора ба Қазоқистон интиқол диҳад. Мувофиқи маълумотномаи ташхиси лабораторӣ вазни умумии ҳероини мусодирашуда 14 килою 65 грамро ташкил дод. Феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Бобоев дар додситонии вилояти Суғд идома дорад.{jathumbnail off}