Паёми 2-юми Аслов ба ҳамтои яманияш дар ду моҳи охир
Ардашер Қодирӣ, сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Яман бо Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ, вазири умури хориҷӣ ва Ҷалол Увайшан, вазири умури дохилии ин кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудааст.
Ба иттилои хабаргузориҳои Яман, ин мулоқот рӯзи 6 январ дар шаҳри Санъои Яман баргузор шуда, зимни он Ардашер Қодирӣ паёми Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистонро ба ас-Сойидӣ расонидааст, ки ба тақвият ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба марбут буд.
Ин дидор ва паёми Аслов ба ас-Сойидӣ дар ҳолест, ки ҳудуди 2 моҳи пеш низ вазири хориҷии тоҷик бо як паём аз ҳамтои яманияш хост, дар раҳоии Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди рабудашудаи тоҷик дар Яман мусоидат кунад.
Гулрухсор Рофиеваи 36-сола д дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард. Ӯ рӯзи 29 октябри соли 2014 аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Дар робита ба қазияи Рофиева вазири яманӣ ба Аслов посух дода буд, ки гуфтушунидҳо идома доранд ва рӯзҳои наздик хабари раҳоии табиби тоҷикро ба Тоҷикистон хоҳад расонд, аммо то ҳол дараке нест.