Сиёвуш Мансурӣ дар “Ибни Сино” маризони меъдаву сурхрударо муолиҷа мекунад
Табиби шинохта Сиёвуш Мансурӣ рӯзи панҷшанбеи 15 январ ба қабул ва муолиҷаи маризон дар Бемористони Ибни Сино оғоз мекунад.
Тавре аз бемористони мазкур хабар доданд, “ин мутахассиси маъруф ба муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхруда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва ҳама намуди гепатитҳо машғул хоҳад шуд”.
Манбаъ мегӯяд, шӯъбаи гастроэнтерологияи Бемористони Ибни Сино бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз қабили эндоскоп, клоноскоп ва ғайра муҷаҳҳаз буда, табобати беморон дар сатҳи баланд анҷом дода мешавад: “Нафароне, ки аз бемории узвҳои ҳозима азият мекашанд, метавонанд аз хизмати босифати тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино ва машварати мутахассиси варзидаи хориҷӣ истифода намоянд”.