Геологи №1: 95%-и масоҳати Бадахшон омӯхта нашудааст
Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои рушди соҳаи геология дар кишварро қафомонда хонда, мегӯяд, онҳо барои рушди ин соҳа барномаи мукаммалеро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд.
Оқои Ҷумъазода рӯзи 6 январ зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои рушди соҳаи геология қафо мондааст: “Гуфта метавонем, ки зиёда аз 95 дарсади минтақаи куҳистони Бадахшон ягон вақт мавриди омузиши геологӣ қарор нагирифтааст. Он захираҳое, ки мову шумо имрӯз дар фонди геологӣ дорем, ҳамагӣ 10 дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад”.
Ҷаноби Ҷумъазода илова намуд, бо таваҷҷуҳ ба ин масъала Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ зимни пайёми солонаи худ дар соли 2014 диққати ҳукумати кишвар ва кормандони соҳаи геологияро ба ташкили барномаи мақсадноки омузиши металҳои нодир дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 нигаронида буд. Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, онҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор то охири соли 2014 як барномаи мукаммалеро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки мавриди баррасӣ қарор дорад.