Мӯъмин АҲМАДӢ
Ҷавони тоҷик, ки ба иқрори худ аз Ироқ сӯҳбат мекунад, дар як навори видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда мегӯяд, аз Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари давлати худхондаи “Давлати исломӣ” иҷоза пурсидаанд, то барои ҷиҳод дар Тоҷикистон розӣ шавад.
Аммо ба гуфтаи ин ҷавони ришдор ва зоҳиран зери 30-сола, “амироне, ки пайёми онҳоро ба Бағдодӣ мерасонанд, гуфтаанд, ҳоло сабр кунед”. “Амирон” зоҳиран дар давлати худхондаи исломӣ, ки дар қисме аз қаламрави Ироқу Сурия таъсис ёфтааст, вазифаи раҳбарии гурӯҳҳои ҷангӣ ва шаҳру навоҳии ин “давлат”-ро бар дӯш доранд. Ин амирон, ба гуфтаи ин ҷавони тоҷик, хоҳиш кардаанд, “сабр кунанд ва вақтеАбӯбакр розӣ шуд, баъда барои “ҷиҳод” ба Тоҷикистон раванд.
Ин ҷавони тоҷик дар роҳи мошингарде қарор дорад ва ба гуфтаи худ мусофиронро тафтиш мекунад, то “ба шаҳр сигору арақ дохил накунанд.” Ин ҷавон мегӯяд, вазифаи дигари онҳо дар посгоҳ назорати риояи ҳиҷоби исломӣ аз сӯи занҳост. “Давлати исломӣ” дар қаламравҳои ишғолкардааш меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ карда, ҳатто кашидани сигорро манъ кардааст. Ин ҷавон мегӯяд, “мо аз амирони инҷо хоҳиш кардем, ки дар Тоҷикистони мо зулм бисёр аст, мо мехоҳем, ки муҷоҳидон ба Тоҷикистон равем. Рӯзе мо меравем ва ҳамроҳи муҷоҳиддини Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон ҷиҳод мекунем ва кофириро аз байн нобуд мекунем.”
Ҳангоми сабти навор ҷавони дигаре савори велосипед ҳозир мешавад ва низ аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунад, ки “Исломи ҳақиқӣ инҷост, биёед ва дар роҳи Худо шаҳид шавед, худро тика-тика кунед.” Ӯ даъват мекунад, ки “аз роҳи Туркия биёед ва агар Туркияро роҳашро бандад, кафон-кафон дар худи Туркия сар мешавад.”
Ин ҷавони аввал, ки хостори “ҷиҳод дар Тоҷикистон шудааст”, қаблан низ ҳамроҳ бо даҳҳо ҷавони дигари тоҷик дар наворҳои видеоӣ ҳозир шуда, дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба “ҷиҳод” ва “Давлати исломӣ” сӯҳбат кардааст. Ӯ худро “Абӯ Умариён” ва аз минтақаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод дар водии Рашти Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Тасдиқи инки ин навор дар воқеъ дар Ироқ наворбардорӣ шудааст, мушкил аст, вале “Абӯ Умариён” ҳангоми манъ кардани як мошин бо сарнишинонаш бо як забони шикастаи арабӣ сӯҳбат мекунад ва онҳо ҳам, ки зоҳиран арабанд, ба арабӣ ҷавобаш медиҳанд, ки сигор надоранд.
Ҷангиёни тоҷике, ки мегӯянд, дар Ироқу Сурия меҷанганд, бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, назири Одноклассники ва Фейсбук хеле фаъоланд. Саҳифаҳои онҳо дар ин шабакаҳо пур аз наворҳои даҳшатноки қатлу кушторест, ки “Давлати исломӣ” бо таъсиси бо ном “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Сарбурриданҳо, кушторҳои бераҳмона ва тарконидани маконҳои таърихӣ аз тарғиботи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст. Онҳо ин аъмоли худро тибқи шариати ислом медонанд, дар ҳоле, рӯҳониён маъруф дар Тоҷикистон мисли Ҳоҷӣ Мирзо аъмоли онҳоро хилофи ислом ва “ҷиҳод”-ашонро нодуруст меҳисобанд. Рӯҳониён маъруф мегӯянд, аслан бо ном “Давлати исломӣ” коре мекунад, ки ислом ва мусалмони асл ҳеҷ гоҳ қабул надорад.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис додаву Абӯбакри Бағдодӣ, ки бино ба гузоришҳо, як афсари собиқи артиши диктатори пешини Ироқ Саддом Ҳусейн будааст, “халифа” эълон кардааст. Ин созмон мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.
Тайи ду соли ахир аз ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш мешавад. Ба гуфта мақомот, ҳоло то 300 ҷавони тоҷик дар Ироқу Сурия меҷанганд, аммо худи ин ҷангиӣн дар шабакаҳои иҷтимоии теъдоди тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Суриро то 1000 нафар мегӯянд.