Қосимзода: Харидуфурӯши мансаб дар Тоҷикистон нест
Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сарусадо оид ба фурӯши мансабҳои давлатӣ дар кишварро рад намуд.
Қосимзода изҳор дошт, ки то ҳол, аз ҷумла тайи соли 2014 дар робита ба харидуфурӯши мансаб ягон шикояте ба Агентии хизмати давлатӣ ворид нашудааст. Ба гуфтаи ӯ давоми як сол ҳамагӣ ду шикоят ба Агентии хидмати давлатӣ ворид шудаанд, ки яке дар бораи ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар Вазорати нақлиёт ва дигаре дар бораи нодуруст ҳисоб кардани собиқаи корӣ буд.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар кишвар харидуфурӯши мансабҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Қосимзода қаблан гуфт, шояд ҳангоми гузарондани озмунҳо тақаллубе сурат гирад, вале то ҳол мансабфурӯшӣ ба қайд гирифта нашудааст. Муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатӣ гуфт, дар соли 2014 12 ҳолати бе озмун ба хизмати давлатӣ қабул намудани кормандон ба қайд гирифта шуд, ки ислоҳ гардиданд. Ӯ инчунин илова намуд, ки дар соли 2014 ҳамаи изматчиёни давлатӣ бо муваффақият аз аттестатсия гузаштанд.
Ин дар ҳолест, ки миёнаҳои соли 2014 Амрико бо нашри як гузориши байналмилалӣ изҳор дошт, ки мансабхарию мансабфурӯшӣ дар Тоҷикистон ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Оҷонсии зидди фасод низ аз боздошти як мансабдори Хадамоти гумрук хабар дода буд, ки барои вазифа аз зертобеяш ҳудуди 15 ҳазор долллари амрикоӣ пора гирифтааст.