Тими «Истиқлол», ки бозии дуввумашро дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Тайван бо дастаи «Балкан»-и Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом дод, аз ҳуқуқи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум шуд.
Аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ин бозии даври дуввуми гурӯҳи “А” буда, 21-уми сентябр дар варзишгоҳи миллии шаҳри Гаосюни Тайван сурат пазируфт. Амир Қурбонӣ, бозигари дастаи “Балкан” дар дақиқаи 23-юми бозӣ ҳисобро кушода, голи нахустинро ба ҳадаф расонид. Ҳамлагари дастаи «Истиқлол» Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаҳои охири даври якуми сабқат голи ҷавобиро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд.
Гуфтанист, даври охирини сабқати гурӯҳӣ 23-уми сентябр баргузор мешавад. Ин навбат дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо «Яданарбон»-и Мянмар ва «Тайван Пауэр»-и Тайван бо «Балкан»-и Туркманистон бозӣ хоҳанд кард. Айни ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи мизбон “Тайван Пауэр» бо се имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад ,дастаҳои “Балкан” ва “Истиқлол” бошанд, якимтиёзиро ба даст овардаанд.{jathumbnail off}