Сатҳи таваррум дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд шудааст. Ба гуфтаи масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 4,4 дар сад будааст, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2010 ду баробар афзоишро нишон медиҳад.
Бозичаи дасти хориҷиҳо ё чиновникҳои дохилӣ?
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон то андозае ба бӯҳрони сӯзишворӣ ва гӯшт рӯ ба рӯ шудааст. Коршиносон мегӯянд, ин ҳоло оғози як бӯҳрони шадиди сӯзишворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон аст. Иқтисодшинос ва муовини раиси Ҳизби коммунист, Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо сӯзишворӣ бояд аз захираҳои дохилиаш истифода барад. Номбурда мегӯяд, ҳарчанд каме дер шуда бошад ҳам, мо бояд барои истифода ва истеҳсоли сӯзишворӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ дар оянда иқдом кунем. Агар истеҳсоли сӯзишворӣ ва коркарди нафту газро дар ҳудуди кишвар роҳандозӣ накунем, мо ҳамчун як бозича дар дасти бозингарони хориҷӣ ва дохилӣ мегардем, ки дар ин масъала моро чун лӯхтак бозӣ медоранд. Дар ин робита мо вакилони Маҷлиси намояндагон соли гузашта ба хулосае омадем, ки лоиҳаи қонун дар бораи нафту газ таҳия карда шавад, то ин ки маблағгузории сармоягузорон дар ин самт бештар гардад. Ин масъала дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад ва мо умед дорем, ки ҳукумати ҶТ низ дар ин маврид таҳқиқе анҷом дода, ба парлумон хулосаи мусбат пешниҳод мекунад.
Ягон сармоягузор намеояд
Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки афзудани нархи сӯзишворӣ бо хоҳиши дастаҷамъонаи соҳибкорон ё ширкатҳои вобаста ба фурӯши сӯзишворӣ сурат мегирад. Зеро ин касалии тоҷирон аст, ки мехоҳанд ҳар чӣ бештар даромад ба даст оранд. Ширкатҳое, ки бештар бозорҳои дохилии моро бо бензин таъмин мекунанд, «Зарубежнафт», филиали ширкати русӣ, «Нури Дилшод», «Тоҷирон», «Умед -88» ва «Газпромнафт»-и Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ширкатҳои дар қайди расмӣ буда, ки ба воридоти сӯзишворӣ машғуланд, теъдодашон ба 40 мерасад. Аммо бо вуҷуди шумораи зиёди ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба андешаи таҳлилгарон ин ширкатҳо ба се-чор нафар тааллуқ доранд, ки нархи бензинро дар бозори дохилӣ муқаррар мекунанд. Ҳарчанд омили аслии болоравии қимати сӯзишворӣ баланд шудани қимати боҷи содиротии ин маҳсулот аз ҷониби Русия аст, вале зери таъсири баъзе чиновникҳо қарор доштани ин бахшро коршиносон рад намекунанд. Исмоил Талбаков мегӯяд, ки ин соҳаро аз зери тасарруфи чиновникҳо берун кардан лозим аст, то маблағҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба ин соҳа ҷалб карда шавад. Агар дар ин соҳа асосҳои ҳуқуқӣ пайдо нагардад, санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҷавобгӯи меъёри байналмиллалӣ таҳия ва қабул нашаванд, ягон сармоягузор на аз дохил ва на аз хориҷ бо риски зиёд сармоягузорӣ намекунад.
Бонки Миллӣ талоши худро кард
Тибқи пешгӯии Вазорати молия сатҳи таваррум бояд ба мизони 9 дар сад нигоҳ дошта шавад. Пешбинии сатҳи таваррум ба андозаи 9 фоиз дар соли ҷорӣ дар ҳоле гуфта мешавад, ки соли гузашта низ 9 дар сад нақшаи дурнамо вуҷуд дошт, аммо сатҳи таваррум соли 2010 ба 13 фоиз расид. Дар ҳамин ҳол коршиносон бар ин назаранд, ки пешбинии сатҳи таваррум ва муътадил нигоҳ доштани он пеш аз ҳама ба вазъи иқтисоди кишвар алоқамандии зич дорад ва дар сурати бӯҳрони иқтисодӣ ё омилҳои таъсиррасони беруна БМТ на танҳо пешгӯи карда метавонад, балки тавоноии устувор нигоҳ доштани қурби пулро надорад ва аз нақша зиёд гаштани таваррум ва болоравии нархҳо ба захираву истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар вобастагӣ дорад, на аз Бонки миллӣ.
Исмоил Талбаков дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки таваррум аз рушди иқтисодиёти ватанӣ вобастагии зиёд дорад. Вай афзуд:
-Ҳоло дар бозорҳои мо норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ ба назар мерасад ва болоравии нарх мушоҳида мешавад, ки дар натиҷа таваррум афзоиш меёбад. Дар рӯзҳои охир аз ҳар гӯшаву канори кишвар маҳсулоти ватанӣ вориди бозор шуда истодааст ва ин то як андоза барои нигоҳ доштани сатҳи таваррум мусоидат мекунад. Вале, мутаассифона, баланд шудани беасоси нархи сӯзишворӣ ба болоравии нархи молу маҳсулот ва сатҳи таваррум таъсир мерасонад. Бинобар ин пешгӯии таваррум аз назари ман бисёр мушкил аст.
Аммо дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон талоши Бонки миллӣ барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум назаррас будааст. Лекин ин кӯшишҳо муваққатӣ буда, ба вазъи иқтисодии кишвар вобастагии зиёд дорад. Инчунин мавсими муҳоҷирати кории мардум оғоз шудааст ва маблағи зиёд ба Тоҷикистон ворид намешавад. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки Бонки миллӣ талоши худро барои нигоҳ доштани сатҳи таваррум кардааст. Оқои Исмоилов мегӯяд, Бонки миллӣ сатҳи таваррумро то як андоза метавонад нигоҳ дорад ва ин ба фоидаи мардум аст. Соли гузашта муҳоҷирон 2 млрд 150 млн доллар тариқи бонкҳо ворид карданд. Ин пул қурби сомониро метавонад нигоҳ дорад. Моли содиротии мо ин қадар пули зиёдро ташкил намедиҳад. Мо ба маблаѓи 70 млн доллар пахта фурӯхтем, ки ин чандон пули зиёд нест. Бонки миллӣ маҷбур аст, ки бо ҳар роҳ сатҳи таваррумро то як андоза нигоҳ дорад. Барои он ки сатҳи таваррум муътадил бошад, мо бояд содиротамонро нисбат ба воридот кам зиёдтар кунем. Барои ин корхонаҳои саноатии мо бояд фаъолияти хуб дошта бошанд. На ин ки молу маҳсулотро аз берун орему ба мардум фурӯшем. Агар ба берун чандон содироти зиёд набарорему лекин дар дохил мардумро ба маҳсулоти ватанӣ таъмин кунем, сатҳи таваррумро метавонем нигоҳ дорем. Сатҳи таваррум вобаста аст ба вазъи иқтисоди кишвар, на Бонки миллӣ.
Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков чунин мешуморад, ки Бонки миллӣ ҳамчун як бозингар дар бозори тиҷорати асъор метавонад то як андоза сатҳи таваррумро нигоҳ дорад, лекин истеҳсолот набошад, Бонки миллӣ дар майдон ҷавлон карда наметавонад. Муваққатан нигоҳ дошта метавонад, лекин истеҳсолот набошад, боз ба ҳамон вазъ мубтало шудан имкон дорад.
Ҷопону Тоҷикистон ва қарзҳои давлатӣ
Гуфта мешавад, ки вақте дар Ҷопон ҳодисаи табиӣ рух дод, қарзи давлатии ин кишвар ба 300 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш баробар шуд. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, азбаски ҷопонҳо истеҳсолот доранд, дар ҳол тамоми таҷҳизоти электроникиро ба фурӯш бароварданд ва дар давоми чанд моҳ аз ҳисоби техникаи JP метавонанд ин қарзро баргардонанд. Барои Ҷопон ва ИМА ё кишварҳое, ки худ маҳсулот истеҳсол мекунанд, баргардонидани қарз мушкил нест. Вале Тоҷикистон бо вуҷуди он ки истеҳсолот надорад, қарзи давлатиаш афзоиш ёфта истодааст ва мушкил дар ин аст, ки ин қарзҳоро баргардонида наметавонад.
Ҳарчанд пешбиниҳо дар мавриди нигоҳ доштани сатҳи таваррум гуногун аст, аммо вазъ дар он вақт муътадил мешавад, ки бозори ғизо ва сӯзишворӣ эътидол ояд. Аммо маълум нест, ки кай вазъи бозор муътадил мешавад ва Тоҷикистон чунин имконеро дорад, ки аз вобастагии сӯзишвории Русия барояд ва аз ҳисоби захираҳои дохилӣ худро таъмин кунад.{jathumbnail off}
Исфандиёр Халилӣ