Олланд гуфтааст, дар нишасти Остона роҳҳои бурунрафт аз муноқишаҳо дар Донбасро пайдо хоҳанд кард
Франсуа Олланд, райисиҷумҳури Фаронса изҳори умедворӣ кардааст, 15 январ дар нишасти Остона роҳҳои бурунрафт аз муноқишаҳо дар Донбасро пайдо хоҳанд кард.
Хабаргузории “France-Presse” аз қавли Олланд навиштааст, “ман 15 январ танҳо ба он шарт ба Остона меравам, ки мо метавонем ба пешрафт ноил гардем ва фикр мекунам, чунин мешавад”. Ӯ пешниҳод кардааст, дар сурати даст ёфтан ба роҳҳали буҳрон дар Украина таҳримҳо алайҳи Русия лағв шаванд. Аммо, дар баробари ин пешниҳод ҳушдор додааст, ҳангоми набуди пешравӣ дар ин самт таҳримҳо боқӣ мемонанд.
Франсуа Олланд инчунин гуфтааст, “Путин хостори гирифтани шарқи Украина нест, ӯ дар суҳбат бо ман инро таъкид намуд”. Илова бар ин ӯ гуфта, Русия бояд тамомияти арзии Украинаро эҳтиром гузорад ва аз пуштибонии ҷудоихоҳон даст кашад. Ба қавли раиси ҷумҳури Фаронса мақсади раиси ҷумҳур Путин ҷилавгирӣ аз пайвастани Украина ба НАТО аст. Олланд изҳори умед кардааст, 15 январ дар нишасти Остона роҳҳои бурунрафт аз муноқишаҳо дар Донбасро пайдо хоҳанд кард. Аз дидори сарони кишварҳои Украина, Русия, Фаронса ва Олмон, ки 15 январ дар Остона баргузор мешавад, 29 декабри соли гузашта Петр Порошенко хабар дода буд.