Тоҷикистон бо 19 футболбоз ба Ҷоми Иттиҳод-2015 меравад (АКС)
Алишер Тӯхтаев, сармураббии дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) номи бозигаронеро, ки дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкат меварзанд, эълон кард.
Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ба ҳайати дастаи ҷавонони Тоҷикистон 19 бозигар, бо шумули 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шудаанд.
Ҳайати тими ҷавони Тоҷикистон аз ин қарор аст:
Дарвозабонҳо: Дилшод Дадобоев («Эсхата»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарипов («Регар-ТадАЗ») Ойбек Абдуғаффор (ДСРТ), Саидхони Амрохон ("Равшан"), Фирдавс Чакалов (СКА «Помир») Правизҷон Ҳомидов ("Хайр") Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд») , Бахтиёр Азимов («Энергетик»);
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз») Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарипов, Абдуллоҳ Саъид (ҳарду - СКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев ("Хайр");
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев ("Истиқлол"), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳарду - "Регар-ТадАЗ") Меҳроҷиддин Музаффаров ("Хайр").
Гуфта мешавад дастаи ҷавонони Тоҷикистон пеш аз сафар ба мусобиқот таҳти роҳбарии мураббии даста Алишер Тухтаев дар Варзишгоҳи марказии пойтахт тамрин дида, рӯзҳои шашум ва ҳаштуми январ бо дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозиҳои санҷишӣ доир хоҳад кард.
Мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2015 аз 16 то 25 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.