Аграриҳо Зайниддин Сафаровро боз аз ҳавзаи №39 номзад карданд
Бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик бо баргузории нишасти муштарак, номзадии Зайниддин Сафаровро ба интихоботи парлумонии моҳи март аз ҳавзаи якмандатии №39, ноҳияи Восеъ пешбарӣ кардаанд. Дар ин бора аз ҲАТ ба “Озодагон” хабар доданд.
Зайниддин Сафаров соли 2013 низ аз ҳавзаи Восеъ-39 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.
Ба иттилои манбаъ, се ноҳияи мазкур ба истиснои ду ҷамоати ноҳияи Восеъ ба ҳавзаи интихоботии №39 шомил буда, дар он зиёда аз 100 ҳазор интихобкунанда сукунат дорад.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки соли 2005 аз сӯи Вазорати адлия расман сабти ном шуд, ахиран эълон кард, теъдоди аъзоёнаш ба 47 000 расидааст.