Ваъдаи дубораи шаҳрдори Хуҷанд: Муроҷиати наҳзатиҳо қонеъ мешавад
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд, мегӯяд, муроҷиати расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ҷудо кардани дафтари корӣ дар маркази вилояти Суғд қонеъ мешавад.
Ӯ ин нуктаро аснои суханронӣ дар нишасти хабарии солонааш изҳор дошт. Ваъдаи ҷаноби Аҳмадзода дар ҳолест, ки шаш моҳ қабл низ дар нишасти матбуотии шаҳрдорӣ гуфта буд, “мактуби ҲНИТ унвонии маъмурияти шаҳр ворид шудааст ва мо дар чаҳорчӯби қонун ҳамаи онро дида баромада, муроҷиаташонро қонеъ мегардонем”.
Қароргоҳи ҲНИТ дар Хуҷанд 18 июни соли 2014 аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳр тахриб гардид. Далели ин тасмим ба нақшаи куллии шаҳр марбут дониста шуд, ки тибқи он ҷои дафтари ҲНИТ бояд кабудизор карда шавад.