Ба ҷуз ин масоили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии вазорату идораҳо оид ба амалӣ кардани ҳадафу вазифаҳои консепсия; огоҳ кардани ҷомеа аз раванди амалӣ кардани консепсия; муайян кардани масъулият ва ваколати сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ баррасӣ мешавад.
Ҷиҳати ширкат дар мизи гирд намояндаҳои вазоратҳо, созмонҳои ғайридавлативу байналхалқӣ, ки доир ба таълими фарогир фаъолият мебаранд, даъват шудаанд.
Маврид ба ёдоварист, Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон тӯли 3 сол лоиҳаҳоеро маблағгузорӣ менамояд, ки ба ҷорӣ намудану рушди таҳсилоти фарогир дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Дар доираи амалӣ намудани ин лоиҳаҳо барои мураббиёни муассисаҳои таҷрибавии томактабӣ, муаллимони макотиби миёна, устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи С. Айнӣ ва мутахассисони равоншиносу тиб ва омӯзиши раҳнамоӣ бо ҷалби мушовирони байналхалқӣ аз Литва, Русия, Украина ва Қазоқистон тренингу семинарҳо ва мизи гирд барпо гардиданд. Ҳамчунин тибқи ин лоиҳаҳо сафари омӯзишӣ ба Украинаву Қазоқистон ташкил карда шуданд.{jathumbnail off}