Саидов дар бораи фошкориҳои Маркази миллии тестӣ
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳур баъзе камбудиҳоро дар бахши маориф фош сохтааст.
Ҷаноби Саидов, ки зимни як нишасти хабарӣ имрӯз, 5 январ дар Душанбе баромад мекард, аз ҷумла иброз дошт, тадриси интихоби касб миёни хатмкунандагон дуруст ба роҳ монда нашудааст, ки Маркази миллии тестӣ онро фош кард. Номбурда иброз дошт, чизи дигаре, ки фош гардид, дар мактабҳо омӯзгорон дар бисёр ҳолат баҳоро аз сатҳи дониши хонанда баландтар мегузоштанд: “Ҳолатҳе ҳам шуд, ки хонанда бо баҳои баланд ба Маркази тестӣ ҳуҷҷат супорид, аммо аз фанни баҳои баланд доштааш баҳои зарурӣ нагирифт”.
Нуриддин Саидов қайд намуд, дар Вазорати маориф ва илм гуруҳи корӣ ташкил намудаанд, ки он ба омӯзиши натиҷаҳои кори Маркази миллии тестӣ машғул аст: “Мо омухта дар фаъолияти минбаъдаамон норасоиҳоро бартараф мекунем”.