Боздошти духтаре, ки тавассути Skype ба никоҳи ҷангҷӯи ДИИШ даромадааст
Мақомоти амниятии Малайзия аз боздошти духтаре дар ин кишвар хабар медиҳанд, ки тавассути барномаи Skype бо як ҷангҷӯи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ издивоҷ кардааст.
Ба навиштаи хабаргузории "Фаронса", ин духтар рӯзи 24 декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур дастгир шуда, номзади ӯ, ки дар сафи ҷангҷӯёни ДИИШ меҷангад, аз Мағриб аст. Дар баёнияи мақомоти амниятии Малайзия аз ҷумла омадааст, “ин духтар 28 сол дошта, донишомӯзи яке аз донишгоҳҳои кишвар аст ва баъд аз тамошои наворҳои видеоии ДИИШ дар Ютуб ба саффи ҳаводорони ин созмон шомил шудааст.”
Ба иттилои манбаъ, инчунин маълумоте низ дастраси маъмурини амниятии ин кишвар аст, ки гӯиё ба суҳбати духтари 28-солаи молайзӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва даъват шудани ӯ ба сафи онҳо дар Сурия ишора мекунад.
Дар ин баёния гӯиё ба хотири халал ворид нашудан ба раванди тафтишот аз гирифтани ному насаби ин донишомӯзи малайзӣ худдорӣ шудааст.
Акс аз фурудгоҳи Куала-Лумпур