Ҳабси “пасандоз”-и модари Қудратов барои ҷуброни "зарар"-и Бобораҷабова (АКС)
Иҷрочиёни суди ноҳияи Фирдавсӣ қарори ҳабси беш аз 22 ҳазор доллари амрикоиро баровардаанд, ки баъди боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик аз хонааш мусодира шуда буд.
Тибқи қарори судиҷрочиён маблағи мусодирашуда барои пардохти ҷуброни зарари Моҳира Бобораҷабова равона мешавад, ки Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номус ва вакили дифояш-Шуҳрат Қудратовро дар паст задани шаъну шарафаш муттаҳам мекард. Додгоҳи Фирдавсӣ низ тобистони соли гузашта иддаои Бобораҷабоваро қонеъ карда, Қудратовро барои паст задани шаъну шараф ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф намуда буд.
Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, содир намудани чунин қарор ба салоҳияти судиҷрочӣ дохил намешавад ва аз болои он шикоят хоҳад бурд: “Ин қарори судиҷрочиён 2-3 рӯз пеш ба почтаам ворид шудааст ва давоми 10 рӯз ҳақ дорам аз болои он ба Вазорати адлия ё худ судҳо шикоят барам.”
Ин дар ҳолест, ки зимни мурофиаи додгоҳии Қудратов дар додгоҳи Душанбе, бародараш - Замир Қудратов шоҳидӣ дода, дар мавриди бозҷӯӣ ва мусодираи маблағ аз хонаашон гуфт, “вақте ман ба хонаи волидонам расидам, хонаро 8 нафар бозҷӯӣ мекарданд ва аз сандуқи очаамон ҳудуди 22 ҳазор долларро гирифтаанд. Азбаски худи Шуҳрат хона надорад, ҳамроҳи волидон зиндагӣ мекунад ва он маблағе, ки гирифтанд, қисман пасандози очаам буд.”
Соли 2013 бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд. Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он расонаӣ шуд, ки тобистони соли 2013 аксҳои ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуданд. Дар ин аксҳо Моҳира Бобораҷабова баъд аз рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов аз Боздоштгоҳи муваққатӣ берун мерафт.