Салимзода аз ҲХДТ, Ҳайит аз ҲНИТ номзад ба интихоботи парлумонӣ шуданд
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзадии журналист Олимҷон Салимзодаро аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Айнӣ ба интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон пешбарӣ кардааст.
Ҷаноби Салимзода дар интихоботи соли 2010 низ аз ҳамин ҳавза вориди парлумон шуда буд ва ҳоло раҳбарии Кумита оид ба умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти маҷлиси намояндагонро бар зима дорад.
Инчунин, шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо баргузории як нишаст эълон кардааст, номзадии Муҳамадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ-ро аз ҳавзаи якмандатии Рӯдакӣ пешниҳод мекунад.