Президент барномаи ислоҳоти судӣ дар Тоҷикистонро тасвиб кард
Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми январ хабар дод, барномаи мазкур бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта таҳия гардида, дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти судҳои сатҳи гуногун, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ – ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолияти ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ ба Барнома нақшаи фаъолият замима гардидааст, ки дар он номгӯи чорабиниҳо, муҳлат ва масъули иҷро мушаххас муайян карда шудаанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур ҳадаф аз барномаро таҳкими минбаъдаи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ арзёбӣ кардааст.