Даргузашти модари Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон
Гулдаста Саидова, модари Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 5 январ аз дунё даргузаштааст.
Наздикони ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, Гулдаста Саидова дар сини 85 солагӣ аз бемории қалб аз дунё чашм пӯшида, ҷанозаи ӯ дар ноҳияи Фархор ба хок супурда мешавад.
Як манбаъ ба "Озодагон" гуфт, модари Зарифӣ баъзан шеър ҳам менавиштааст.
Ҳамрохон Зарифӣ, ки соли 2006 ба вазифаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъин гардид, 29 ноябри соли 2013 аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Сироҷиддин Аслов таъин гардид.
Ҳайати кормандони Гуруҳи расонаҳои “Озодагон” ба наздикон ва пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.