Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо Микаил Штайнер, намояндаи вижаи ҳукумати Олмон оид ба масъалаҳои Афғонистон ва Покистон мулоқот кард.
Аз раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои баргузории конфронси Бон оид ба Афғонистон, ки 5-уми декабри соли равон баргузор мегардад, гуфтугӯ намуданд. Ҳар ду ҷониб аҳамияти конфронси мазкурро барои пойдории сулҳу суботи Афғонистон ва дар ин замина ҳамгироии иқтисодии Афғонистонро бо дигар кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ зимни ин сафараш дар Ню-Йорк, дар иҷлосияи сатҳи баланд роҷеъ ба мубориза бо биёбоншавӣ, фарсоиши замин ва хушксолӣ дар чаҳочӯби рушди устувор ва фақрзудоӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аснои баромадаш масъалаҳои мубрами кишварро вобаста ба фарсоиши замин ва хушксолӣ, инчунин барнома ва лоиҳаҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти бартарафсозӣ ва пешгирии онҳо татбиқ менамояд, баррасӣ намуд.{jathumbnail off}