Тавофуқи Душанбе, Кобул ва Исломобод барои имзои созишномаи сеҷониба
Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар мавриди имзои созишномаи сеҷонибаи транзитӣ-тиҷоратӣ то ду моҳи дигар ба тавофуқ расидаанд.
Нусхаи ниҳоии ин созишнома, ки роҳи Исломободро ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ боз мекунад, моҳи марти соли равон ба имзо хоҳад расид. Ин нукта дар ҷаласаи ахири намояндагони се кишвар дар шаҳри Исломободи Покистон рӯзи 3 январи соли равон баён шудааст. Дар ин нишаст, ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар иштирок дошта, Шаҳзод Арбоб, вазири тиҷорати Покистон ва Музаммил Шинворӣ, сарпарасти вазорати тиҷорат ва саноати Афғонистон, ҳайатҳои кишварҳои худро раҳбарӣ кардаанд.
Тавофуқи сеҷонибаи Душанбею Кобул ва Исломобод дар ҳолест, ки охири моҳи декабри соли 2014 миёни Тоҷикистону Покистон низ дар ин ҷода як қатор тавофуқномаҳо ҳосил шуда буд. Бар асоси ин тафовуқномаҳо Душанбе қасд дорад, интиқоли шакару гандуми Покистонро ба Тоҷикистон афзоиш дода, тавассути ин кишвар ба нафти Кувайт дастрасӣ дошта бошад.