Вазири маориф: Ҷонибдори табдили литсейҳои туркӣ ба тоҷикиям
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 5 январ зимни нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе мушкили тамдид нашудани иҷозатномаи фаъолияти литсейҳои туркиро дар кишвар таъйид карда афзуд, ҳалли он дар салоҳияти ҳукумат аст.
Иҷозатномаи ширкати “Шалола”, ки сарпарастии тамоми литсейҳои туркиро дар кишвар ба уҳда дорад, соли 2013 ба охир расидааст ва ҳукумат онро то ҳол тамдид накардааст.
Вазири маориф ба суоли "Озодагон" дар ин робита изҳор дошт, тамдиди созишнома бо “Шалола”, сарпарасти литсейҳои туркӣ дар салоҳияти ҳукумат аст. Ӯ афзуд, ки ҷонибдори бастани қарордоди хайриявӣ бо ин литсейҳо мебошад ва таъкид намуд, ки шахсан тарафдори он аст, ки литсейҳои туркӣ ба литсейҳои муҳассилини лаёқатманди тоҷикӣ табдил дода шаванд.
Ба гуфтаи Саидов литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон аз соли 1994 бо қарори Шӯрои вазирон фаъолият доранд ва солҳои 2000-ум иҷозатномаи фаъолияташон барои 10 соли дигар тамдид шуд. Аммо феълан муҳлати иҷозатномаашон ба охир расидааст ва то ҳол ҳукумат онро тамдид накардааст.
Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Хуҷанд шаш литсей дошта гуфта мешавад, ки сарпарастии литсейи байналмилалии Душанбе низ ба уҳдаи ин ширкат аст.