Узбакистон баъди сафари Путин ба ҳамсояаш дубора газ дод
Ширкати русии “Газпром” аз оғози интиқоли дубораи гази табии Узбакистон ба ҷануби Қирғизистон хабар медиҳад.
Дафтари матбуоти ин ширкат мегӯяд, бо оғози соли 2015 интиқоли гази Узбакистон ба вилояти Ӯши Қирғизистон дубора аз сар гирифта шуд. Интиқоли гази табии Узбакистон ба вилояти Ӯши Қирғизистон аз рӯзи 14 апрели соли гузашта ба ин сӯ қатъ гардид ва Бишкек дар пайи бегаз мондани сокинони кишвараш ба нерӯи барқи Тоҷикистон мароқ зоҳир кард. Бар асоси шартномаи дуҷониба тобистони соли 2014 як киловат соат нерӯи барқро аз Душанбе бо арзиши 2 сент харидорӣ кард ва ва ба сокинонаш бар ивази 1,5 сент фурухт.
Азсаргирии интиқоли гази табии Узбакистон ба ҷануби Қирғизистон дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар сафари ахираш ба шаҳри Тошканд бо ҳамтои узбаки худ - Ислом Каримов ин масъаларо ба миён гузошта буд.