Раҳоии яҳуди тоҷикистонии ҷонибдори Фаластин аз зиндон
Андрей Пшеничников, шаҳрванди 27-солаи Исроил, ки ҳудуди 10 сол пеш аз Тоҷикистон ба ин кишвар муҳоҷир шудааст, аввали соли равон аз зиндони Миср озод шуда, ба Исроил баргаштааст.
Пшеничников бо ҷонибдорияш аз ҳаракатҳои озодихоҳии Фаластин маъруф аст. Ин яҳуди тоҷикистонӣ баъди хидмати сесола дар артиши Исроил шартномаашро тамдид карда, азми кор дар артиш кардааст. Аммо баъди 18 моҳи хидмат артишро тарк карда, барои ҳимояи ҳуқуқи фаластиниҳо ва барои сулҳ миёни яҳуду фаластиниҳо фаъолиятро оғоз кардааст. Ӯ ба Фаластин ва ба пойгоҳи гурезаҳои фаластинӣ рафта, ба ҳайси пешхизмату сохтмончӣ кор кардаааст ва ин иқдомашро ҳамчун “муборизаи сиёсӣ барои ҳуқуқи фаластиниҳо” маънидод мекардааст.
Соли 2012 Пшеничников аз ҷониби мақомоти Исроил дар узвият ба ҳаракатҳои террористии Фаластин муттаҳам шуда буд, аммо бо қарори додгоҳ озод гардид. Баъди чанде боз ӯ дар талоши вуруд ба навори Ғазза боздошт гардид, вале баъди мусодираи шиносномааш раҳо шуд. Аммо рӯзи дигар, охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар марзи Миср боздошт шуда, ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба кишвар моҳи феврали соли 2013 ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар пайи қазия аз Исроил танқид мекарданд, ки барои озодии шаҳрвандаш ҳеч иқдоме накардааст, вале Вазорати умури хориҷии ин кишвар изҳор медошт, ки Миср намехоҳад муҳлати ҷазои Пшеничниковро кам кунад. Ба иттилои расонаҳои арабу исроилӣ Пшеничников 3-юми январи соли равон аз боздошт раҳо шуда, ба Исроил баргаштааст.