Амрико намехоҳад, Фаластин ҳаққи шикоят аз Исроилро дошта бошад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мақомоти Фаластин ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи талошашон барои дарёфти узвияти комилҳуқуқи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ кумакҳои худ ба ин кишварро қатъ хоҳад кард.
Ин нуктаро як масъули баландпояи Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 3 январ дар суҳбат бо “Reuters” баён доштааст. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё кумакҳои ИМА дар барқарорсозии сулҳу субот ва пешрафти Фаластину Исроил нақши муҳимме доранд.
Ин дар ҳолест, ки Риёз Мансур, намояндаи расмии Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 2 январи соли равон асноди заруриро барои дарёфти узвияти комилҳуқуқи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба ин созмон пешниҳод кард. Дархости Фаластин аз сӯи Пан Ги Мун, дабири кулли СММ давоми 40 рӯз мавриди омӯзиш қарор гирифта, пас аз он дар ихтиёри кишварҳои узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гузошта мешавад.
Ҳавзаи салоҳияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шомили баррасии иттиҳомоти наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият, қонуншиканиҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои узв ё давлатҳое мебошад, ки парвандаи онҳо аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ин додгоҳ ирсол мешаванд. Ин додгоҳ як ниҳоди мустақили ҷаҳонӣ буда, мақараш дар шаҳри Ҳейг ё Гаагаи Ҳоланд аст. Пайвастан ба узвияти ин додгоҳ ба Фаластин имконият медиҳад, то аз болои масъулини исроилӣ шикоят бурда, онҳоро таҳти таъқиб қарор диҳад.