Кордзанӣ дар пеши мағозаи “Садбарг” дар шаби Соли Нав
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 31-уми декабри соли гузашта бар асари кордзанӣ як ҷавони 23-сола бо ҷароҳати вазнин бистарӣ шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба иттиҳоми кордзанӣ Нормуроди Раҳматшои 22-сола боздошт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда шаби 31-уми декабр дар назди мағозаи «Садбарг», воқеъ дар ноҳияи Зафаробод, бо шаҳрванд Ёқубов Ҳасани 23-сола муноқиша намуда, бо корд ба шикамаш задааст: “Дар натиҷа Ёқубов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.”
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.