Ахиран дар ВАО-и Русия чанд хабаре нашр шуд, ки "қаҳрамон"-и манфии он шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аммо баъдан маълум гардид, онҳо тоҷикистонӣ набуда, табааи дигар кишварҳо ҳастанд. Инчунин чандест, расонаҳои русӣ ба масъалаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зиёд даст зада, аз хатарҳое нигаронӣ мекунанд. Дар пасманзари зиёд шудани гуфтугӯи ВАО ва коршиносони рус роҷеъ ба марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон “Озодагон” аз коршиносону соҳибназарони тоҷик пурсид: Ҳушдорҳои Русия роҷеъ ба марз чӣ маънӣ дорад?
Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”
Ба расонаҳои русӣ бадбахтона вирусӣ скинхедӣ барвақт сироят кардааст. Барои эшон айни замон ҳар нафаре ки таркиш анҷом медиҳад, таҷовуз мекунад, дуздию нашъафурӯшӣ мекунад, ҳамагӣ тоҷиканд. Муҳим, сари сиёҳ дошта бошад, шуд. Ба кулли хабарҳои аз Тоҷикистон мерасида беэътиборона муносибат менамоянд ва воқеиятро пашизе ҳам намегиранд. Ёд дошта бошед дар кӯдакӣ, дар афсонаҳо бибӣ ҳамеша аз образи манфӣ - дев ва ё аҷузакампир ёдрас мешуд. Тоҷик барои ВАО-и русӣ ба ҳамин ташбеҳ бадал шудааст. Метавон садҳо хабар барои мисол овард, ки ВАО-и русӣ махсус ва дидаю дониста таҳриф содир мекунад ва ҳатто узр ҳам намепурсад. Дар масъалаи марзӣ бошад, фикр мекунам ақли журналисти рус ба ин гуна масъалаи чузъӣ - яъне сохтани ҳангомаю овоза дар атрофи марз намерасад. Ин ҷо танҳо чун одати маъмулии тоҷикбадбинӣ амал кардаанд.
Алӣ Мастов, коршинос
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари мо комилан ба Русия вобаста аст, ба он (Кремл) лозим нест ҷиҳати баргаштан ба марзҳои мо баҳонаҷӯӣ кунад. Агар салоҳ бубинад, бармегардад ва агар ба салоҳи кори он набошад, барнамегардад. Хонаи худро бояд худи мо муҳофизат кунем, на артиши бегона.
Саймиддин Дустов, директори генералии “ИНДЕМ”
Матолиби расонаҳои русӣ аз он далолат мекунад, ки чанд рӯз пеш аз баргузории ҷаласаи Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ дар Русия ва зери раёсати Тоҷикистон гузаштани ин сомзон барои як сол ба мавзӯҳои хеле ҳам ҳассос даст мезананд. Аз он ҷумла, чан рӯз пеш дар расонаҳои русӣ матолибе пайдо шуд, ки артиши Тоҷикистонро ба масхара мекашид. Дар маҷмӯъ ман бар ин назарам, ки дар доираи тарҳҳои путинӣ ва авруосиёгарӣ ҳамчун як тарҳҳое дар баъзе аз доираҳои Русия ҳастанд, ки онҳо мехоҳанд, Тоҷикистонро дубора таҳти нуфузи худ қарор диҳанд ва як гуна реванси геополилтикӣ дар Осиёи Марказӣ дошта бошанд ва албатта нуқтаи заъф Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Дар ин масъала моро мебояд, ки хеле ҳушёр бошем.
Абдумалик Қодиров, коршиноси маҳаллӣ
Аслан, расонаҳо, бахусус расонаҳои русӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи “сенсатсия” ҳастанд, чун бояд молашонро фурӯшанд. “Воҳимасозӣ” як шеваи “бизнес”-и онҳост. Ва дар ин кор расонаҳои русӣ хеле “маҳорат”-и калон доранд. То ҷое ки ба хотири ҷалби диққати хонандаи худ, аз таҳқири халқу миллатҳои дигар низ рӯй намегардонанд. Дар мавриди гаравгонгирии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, ман гумон намекунам, ки ғавғои расонаҳои русӣ ягон маъракаи тарҳрезишудаи мақсаднок бошад: ин боз як “воҳимае”-ест аз силсилаи “обулвоҳимаҳо”-и русӣ ва набояд паси он гашт. Русия имрӯз дар ҳолатест, ки намедонад чӣ гуна “эзори даридаашро дарбеҳ кунад”, куҷо монад ӯро “баргаштан ба сарҳади Тоҷикистон”.
Раҷаби Мирзо, журналист
Русия аз соли 2005 инҷониб, ки сарҳадбононаш аз марзи Тоҷикистон хориҷ шуд, ба як саволи стратегӣ табдил ёфт, ки бо чи роҳе ба сарҳад баргардад. Масалан аз як ҷониб Русия чун пештара марзи Тоҷикистонро ҳамчун марзҳои ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил қабул мекард ва ҳаминро сабабу омили асосӣ медонист. Баъдан бо ин ки хориҷ шуд ва аз ҳамон ошкориҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шуд ва гуфта мешуд, ки яке аз сабабҳои дигари ҷалби марзбонҳои рус ба сарҳади Тоҷикистон-Афғонистон ин тиҷорати маводи мухаддир аст. Имрӯз Русия дар ҳақиқат намедонад бо кадом роҳ дубора ба сарҳад баргардад ва ҳадс ҳам зада мешавад, ки баъди ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ шояд ин масъала ба нафъи Русия ҳал шавад. Дар ин росто фишорҳову ҷангҳои иттилоотии зиёд ҳам аст, ки гуфта мешавад, гуиё дар замони будани русҳо дар марзи кишвар теъдоди зиёди маводи мухаддир ошкору мусодира мешуд дар сарҳад, пас аз ин зиёд шуда бошад, аммо оморҳои расмӣ чизи дигар мегӯяд. Яъне, барои Русия агар як навъи салтанатҷӯӣ бошад, аз ҷониби дигар ба як тиҷорат табдил ёфтааст. Аз ҳамин нуқтаи назар ман фикр мекунам ҳам дар Кремл ва ҳам дар нерӯҳои интизомии Русия манфитҷӯиҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дубора ба сарҳад баргарданд.
Аъзамшоҳ Шрговадӣ, журналист
Дар соли ҷорӣ, баъди гирифториҳои Русия дар қазияи Укроин ва “руй гардонидан”-и Ғарбу Амрико, кремлин ба Шарқ “рӯй” овардааст. Далели онро дар бахшидани беш аз 1 миллиард долар қарзи Узбакистон ва ҳамкориҳои густарда бо Чин ва дигар кишварҳои минтақа метавон гуфт.
Аксар расонҳои Русия, ки таҳти таъсири сиёсати кунунии Кремл қарор доранд, бештар он чизеро расонаӣ мекунанд, ки ба манфиати онҳост. Аммо боре ҳам дар мавриди мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик ва ё дигар соҳаҳои Тоҷикистон ҳарферо намегӯянд. Ин дафъа низ шояд мехоҳанд “заъф”-и нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистонро ба намоиш гузоранд, ки боз ҳам ба нафъи онҳост. Дар ин шабу рӯз фикр мекунам Русия мушкилоти ҷиддитареро аз бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон дар худ дорад, ки буҳрони Укроин ва таҳримҳои Ғарб мебошанд, ки иқтисоди он кишварро барои чанд соли дигар ба зону нишондааст. Аммо инро низ бояд фаромӯш накард, ки бо ҳама ин мушкилоте, ки Русия дорад, боз ҳам то ҳанӯз яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ аст ва сиёсати Путин низ ҳамеша ғайриинтизор буду ҳаст.