1200 сомонӣ-мукофоти вазири фарҳанг ба беҳтаринҳои 2014
Китоби “Дигар ишқ”-и Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи тоҷик ғолиби “Озмуни ҷумҳуриявии китоб-2014” эълон шуд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, ки ташаббускори ин озмун аст, хонум Сафиева бо ҳазору 200 сомонӣ ва Диплом қадрдонӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, инчунин дар озмуни мазкур китобҳои “Девон”-и Фарзонаи Хуҷандӣ, “Зиндагӣ ҳам нафасе”-и Кароматуллои Мирзо ва “Хомасузан”-и Низом Қосим баранда шуда, бо мукофоти пулӣ ҳаҷми то 1200 сомонӣ ва диплом сарфароз шудаанд.
“Инчунин китоби “Муҳаққиқи соҳибмактаб”-и Аламхон Кӯчаров низ дар ин озмун ғолиб омада, ба муаллиф ҳазору 100 сомонӣ ва Дипломи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дода шуд. Ба муаллифи силсилакитобчаҳои бачагона - “Қофиябозӣ”, “Мӯрчаяки баднафс”, “Наврӯз”, “Алифбои худомӯз” ва “Баднафсак” - Латофат Кенҷаева низ мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва Дипломи вазорат тақдим гардид”,-афзуд манбаъ.