Суғд 2015-ро соли гулҳо эълон кард
Абдурраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд соли 2015-ро дар шимоли кишвар соли гулҳо эълон кардааст.
Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора низ қарори Абдураҳмон Қодирӣ “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи вилоятии “Соли 2015 - соли гулҳо” содир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз ин барнома “эҳёи анъанаҳои неки бунёдкории аҷдодон, инкишофи ташаббускориву фаъолнокии ҳар як сокини вилоят ва дар ин замина тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзазоркунию гулзоркунӣ дар маҳалли зист мебошад.”