Генерал ва Зуҳуров мехоҳанд, дар парлумон дубора курсӣ дошта бошанд
Генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равони Тоҷикистон иштирок карда, барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси намояндагони кишвар талош хоҳад кард.
Номзадии Тағоймуродов аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳокими кишвар аз ҳавзаи якмандатии рақами 26-и шаҳри Қӯрғонтеппа пешбарӣ шудааст.
Тағоймуродов аз соли 1984 ба ин сӯ дар мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолият дошта, то ҳол дар вазифаҳои муфаттиши Раёсати тафтишотии ВКД, сармуфаттиши Шуъбаи кофтукоби ҷиноии вилояти Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, сардори Шуъбаи кофтукоби ҷиноятии Раёсати умури дохилии собиқ вилояти Кӯлоб ва вилояти Хатлон, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилоят, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, муовини вазири корҳои дохилӣ кор кардааст. Ӯ инчунин замоне ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон дар парлумони Тоҷикистон курсӣ доштааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Шукурҷон Зуҳуров, раиси кунунии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ аз пешбарии номзади худ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон хабар дод. Ӯ номзадии хешро аз ҷониби ҳизби ҳоким дар ҳавзаи якмандатаи №12-и минтақаи Рашт пешниҳод кардааст.