Австрия: Домоди собиқи райисҷумҳури Қазоқистон дар куштор муттаҳам мешавад
Додситонии шаҳри Вена - Роҳат Алиев, сафири пешини Қазоқистон дар Австрия ва собиқ домоди Нурсултон Назарбоевро дар куштор муттаҳам кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, Алиев дар куштори топ-менеҷерҳои “Нурбонк” - Жолдас Тимралиев ва Айбар Хасенов дар соли 2007 айбдор мешавад. Вакилони дифои ӯ ҳоло ду ҳафта фурсат доранд, то аз иттиҳоми додситони Вена шикоят баранд. Дар сурати гунаҳкор шинохтан, Алиевро даҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Роҳат Алиев 2 июни соли равон дар Вена боздошт шуд ва Австрия ду маротиба дархости Қазоқистон дар бораи истирдоди ӯро ба Ватан рад кард.
Роҳат Алиев, бо Дарига, духтари Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда буд. Додгоҳи ҳарбии Қазоқистон соли 2008 ӯро дар ғайбаш дар талоши ғасби давлат ва чанд гуноҳи дигар муҷрим шинохта, ҳукми 20 соли зиндони ӯро баровард. Алиев он вақт аллакай аз кишвар фирор карда буд. Баъдан ӯ дар дар куштори менеҷерҳо “Нурбонк” гунаҳкор шинохта шуд.