Дар пайи баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз аз тарафи кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи пойтахт боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи наъшаовар ошкор гардид.
Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук Нурулло Шарипов иттилоъ дод, аснои ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри 594, ки ба хатсайри Душанбе- Иркутск парвоз мекард, мусофир Ғунча Нуроваи 40 сола мавриди боздошт ва муоинаи махсус қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, кормандони гумрук аз ду адад чорчӯбаи акси рамзҳои Тоҷикистон, ки ба номбурда таалуқ доштанд, ҳероин кашфу мусодира кардад. Мутобиқи хулосаи коршиносон, вазни холиси он 889,2 граммро ташкил дод. Аз руйи ин амали Ғунча Нурова парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои тафтишу баррасӣ ба додситонии нақлиётӣ ирсол гаштааст.{jathumbnail off}