Ду дархости Зоиров аз додгоҳ ва таъхири мурофиа то соли дигар
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов, имрӯз, 30 декабр зимни мурофиаи додгоҳӣ аз додрас хост, парванда аз рӯи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш қатъ карда шавад.
Зоиров гуфт, иттиҳоми фасодкорӣ алайҳи зерҳимояаш тасдиқи худро наёфтааст ва аз додрас дархост намуд, парванда аз рӯи ин айб қатъ шавад. Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.
Инчунин Раҳматилло Зоиров аз додрас хостааст, иттиҳом аз рӯи қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш ба қисми 2-и ин модда гузаронда шавад. Аз рӯи ин модда Шуҳрат Қудратов дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”
Аммо дар мурофиаи рӯзи 24-уми декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”
Шуҳрат Қудратов зимни мурофиаи додгоҳӣ дар Душанбе дар ин робита изҳор дошт, бо Турабек Охунов созиш карда буданд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои Ҷурабек Охунов дар парвандаи ҷиноӣ моҳе 500 доллари амрикоӣ пардохт хоҳад шуд: “Ин маблағ танҳо барои парвандаи ҷиноӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо ман тайи 20 моҳ дар баробари парвандаи ҷиноӣ аз рӯи парвандаҳои дигар низ ҳуқуқҳои Охуновро ҳимоя намудам. Ӯ боз чор парвандаи дигари маъмурию шаҳрвандӣ низ дошт. Дар давоми 20 моҳ ман ҳамагӣ 8 бор маош гирифтаам.”
Қудратов мегӯяд, он 7 ҳазор долларе, ки дар гузашта Охунов барои он даъво дошт, ҳаққи хизматҳои расондааш ба ин хонавода буд. Ӯ таъкид намуд, дар гузашта бо Охунов ҳеч нофаҳмие надошт.
Дар робита ба дархостҳои Раҳматилло Зоиров раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ки дар мурофиаи оянда, рӯзи 2-юми январи соли оянда посух хоҳад дод.
Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад.