Боздошти ҷавони 21-сола бо иттиҳоми куштори писарамакаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар куштори писарамакаш гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда Ҷалолиддин Айматов, сокини деҳаи Бурма мебошад, ки “рӯзи 26 декабр дар ҳудуди теппаҳои назди деҳаашон бо писарамакаш Сироҷиддин Айматов, соли таваллудаш 1991, вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, Ҷалолиддин писарамакашро латту кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад: “Дар натиҷа Сироҷиддин Айматов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.